Noble Quran » Тоҷики » Sorah At-Tur ( The Mount )
Тоҷики
Random Books
- Усмони Зиннурайн -разияллоҳу анҳу-Сеюмин мард, дар ислом баъди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- ва чароғе аз чароғҳой роҳи ҳидоят, бо ҳаётарин ва саховатмандтарин шахс, ва чавонмарди бо шараф ҳазрати Усмон -разияллоҳу анҳу-.
Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/208456
- Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324363
- Дӯстӣ ва хешовандӣ миёни аҳли байт ва асҳоби Паёмбар (с) (Намунаҳои далолаткунанда бар робитаҳои самимӣ миёни аҳли байт ва саҳобагон)Ин намунаҳои хешовандӣ гуёи муҳаббати ногусастанӣ ва хешовандии бисёр мустаҳкам миёни аҳли байт ва саҳобаи Паёмбар (с) аст. Ин китоб бо далелҳои равшан ва мустаҳкам мавзуи муҳаббати мавҷуд миёни онҳоро исбот мекунад ҳамон гуна ки Худованд дар васфи онҳо гуфтааст: "Нисбат ба якдигар меҳрубон ва дилсӯзанд".
Formation : Али ибни Ҳамад ибни Муҳаммад Ат-Тамими
From issues : Маркази баҳсҳои мабарраи Ол ва Асҳоб
Source : http://www.islamhouse.com/p/344067
- ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМКитоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/369120
- Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳуCухани мо дар атрофи шахсе аст ки офтоб ба касе беҳтар аз У баъди Паёмбарон натобидааст. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки имони уро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд имони у бар имони тамоми уммат ғолиб (вазнинтар) омад. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз у пурсида шуд оё барои аҳлу оилаат чизе боқи мондаи? Дар ҷавоб гуфт: барои аҳлу оилаам Худову Паёмбарашро мондам. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки у кист.
Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/204698