Noble Quran » Тоҷики » Books » Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?

  • Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?

    Баъд аз иштирок карданам дар чандин баҳсҳо ва хондани чандин мақолаҳо дар мавриди "Ҳуқуқи зан дар ислом" ба чунин хулоса омадам ки чанд гуфтание дар ин мавзуъ барои азизон пешкаш кунам. Хонандагони азиз! Ин чанде аз шубҳаҳое ҳастанд, ки баъзе аз душманони дину инсоният миёни мардум меандозанд, ва ман баъзе аз онҳоро бароятон пешкаш хоҳам кард, ва сипас ба ҳамаи онҳо алоҳида-алоҳида ҷавоб хоҳам гуфт. Шубҳаи аввал: Гуё мардуми мусалмони точик занҳояшонро аз руи нобовари ва бе эътимодияшон маҷбур ба ҳиҷоб пуши мекунанд, дар ҳоле ки мо мардҳо натавонистаем барои занҳо беҳтарин шароити зисту зиндагиро фароҳам созем, пас бо кадом ҳуқуқ мо онҳоро маҷбур ба ҳиҷоб пуши кунем? Ва ин кори мардон сафиҳона мебошад. Ва водоштани зан ба пушидани либосе, ки дилхоҳи худи у нест, намунае аз зулму ситами мардони рузгори мост, ва бояд решакан шавад.

    Formation : Умар Хатлони

    Source : http://www.islamhouse.com/p/287537

    Download :Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?

Random Books

  • Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.

    Formation : Аҳмад Дидот

    Source : http://www.islamhouse.com/p/322439

    Download :Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

  • Рузаи моҳи рамазон моҳият ва аҳкоми онИн китоб дар бораи рузаи моҳи рамазон ва ҳукмҳои он мебошад, ки муаллифи ин китоб аз баъзе оятҳо ва ҳадисҳои Паёмбари ислом истифода бурда он ҳукмҳое ки ҳар як рузадор эҳтиёҷ ба он дорад баён мекунад, Хдованд мефармояд: "Рўзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар гузаш- тагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозй) намоед».

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/233045

    Download :Рузаи моҳи рамазон моҳият ва аҳкоми он

  • ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.

    Formation : Холид Абу Солиҳ

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/329655

    Download :ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИН

  • ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМЗакот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/326724

    Download :ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМ

  • ҲАҶ ВА УМРАИн мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.

    Translators : Мусъаби Ҳамза

    Source : http://www.islamhouse.com/p/250717

    Download :ҲАҶ ВА УМРАҲАҶ ВА УМРА

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share